Мы оденем Вас по себестоимости

Политика конфиденциальности

ҚОИДАИ СОМОНАИ
ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ГЕЛОС»

Қоидаи мазкур пешниҳоди расмии ҶДММ “Гелос” -ро, ки минбаъд "Фурӯшанда" номида мешавад, дар бораи бастани шартнома барои фурӯши яклухт, ё чаканаи молҳо (либосу пойафзолҳои занона, кӯдакона, мардона ва молҳои дигар) барои мизоҷони худ тариқи сомонаи www.gelos.tj  бо шартҳои дар поён овардашуда ифода мекунад.

Ҷамъият ҳамчун субъекти хоҷагидор ба шумор меравад.

Дебочаи (преамбула) пешниҳоди оммавӣ барои сомонаи мазкур.

Дебочаи пешниҳоди оммавӣ барои иҷрои талаботи аввал тарҳрезӣ шудааст. Аз ин рӯ, он шахсе, ки пешниҳод мекунад, ба таври возеҳ нишон медиҳад ва нияти худро барои бастани шартнома бо шартҳои дар оферта зикршуда баён мекунад.

Қоидаи мазкур ҳамчун офертаи оммавӣ ва дастур барои истифодабарандагони сомонаи www.gelos.tj ва мизоҷони он таҳия шуда, дар асоси талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда шудааст.

Хусусиятҳои Офертаи оммавӣ

Мӯҳтавои шартҳои оферта бо истифодаи истилоҳот баён карда мешавад, ки барои осонии тафсири минбаъдаи он аниқ карда шавад. Офертаи оммавӣ дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикисон равона карда шудааст. Фурӯшанда ҳангоми пешниҳоди он ҳамаи ҷанбаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони сомонаи худро ба назар гирифтааст.

Суроғаи шабакавӣ бо мақсади нишон додани маҳалли ҷойгиршавии Фурӯшанда дар сомонаи Интернет ба роҳ монда шудааст.

Офертаи оммавӣ сарфи назар аз шартномаи дар асоси он басташуда тағйир дода мешавад. Шартнома тибқи қоидаҳои пешниходшуда ва қонунгузории амалкунанда баста, тағйир ва қатъ карда мешавад. Аз ин рӯ, дар оферта муқаррарот дар бораи тағйир додан ва бозпас гирифтани он аз шартҳои бастан, тағйир додан ва қатъ кардани шартнома ҷудо карда шудааст.

Қоидаи мазкур молҳои ивазшавандаро дар сомонаи www.gelos.tj мадди назар гирифта, харидор воқеан метавонад як молро дар ҷараёни истеъмол ба моли дигар бодарназардошти риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иваз кунад. Мол дар Қоидаи мазкур аслан либосҳову пойафзоли занона, кӯдакона ва мардонаро дар назар дошта, дар оянда метавонад дигар предметҳоро дар назар гирад. Мавқеи махсуси субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ва ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ ҳисобида мешавад, ки ба чунин субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳҳои шахсон) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли муайян таъсири ҳалкунанда расонад ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозори мол мушкил гардонад.

1. Шартҳои ҳамкорӣ

Фаъолияти мағозаи интернетӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон "Қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" амалӣ карда мешавад.

Фурӯшандаи молҳое, ки дар ин мағозаи интернетии www.gelos.tj қарор дорад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Гелос" (минбаъд - "Фурӯшанда") мебошад.

Фурӯшанда дар ин вебсайт маълумотро дар бораи либоси ба фурӯш баровардашуда (дар оянда мол) моли барои фурӯш пешниҳодшаванда ва маълумоти дигари марбут ба фаъолияти ин мағозаи интернетиро ҷойгир мекунад. Фурӯшанда танҳо барои мундариҷаи чунин маълумот, инчунин барои иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи шартномаҳои фурӯши молҳое, ки дар ин мағозаи интернетӣ пешниҳод шудаанд, масъул аст.

ҶДММ "Гелос" дар суроғаи ш. Душанбе, Аҳрорӣ 140/2 ҷойгир аст
Суратҳисоб:   20202972381304385370 (бо сомонӣ)
Суратҳисоби мукотиботӣ:   20402972517791 (кор/счёт)
РМА -  020053456,    РЯМ – 0210028390  ,   КИБ (БИК) - 350101779

Бонки хизматрасон: Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Халиқбонк Тоҷикистон» ш. Душанбе, к. С. Айнӣ 6.24А

2. Харидорон

Харидорони мағоза метавонанд ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

Агар Шумо хоҳед, ки яклухт фармоиш диҳед, дархости худро бо суроғаи тамос ва номи молҳое, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ доред, ба info@gelos.tj фиристед. Дар муддати кӯтоҳ намояндагони мо бо Шумо тамос хоҳанд гирифт.

 3. Хариди мол

Шарт барои хариди мол тавассути мағозаи интернетии  www.gelos.tj аз он иборат аст, ки харидор як қатор амалҳоро иҷро кунад, аз ҷумла:

  • интихоби мол, дар сабад ҷой кардани он;
  • фармоиш додан;
  • қабули паём дар бораи қабули фармоиш;
  • пардохт ва гирифтани мол тибқи тартиби муқарраршуда.

4. Мағозаи онлайн

Тамоми номгӯи молҳое, ки барои фурӯш пешниҳод мешаванд, дар мағозаи интернетӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар мағозаи интернетӣ маълумоти, боэътимод ва дастрас мавҷуд аст, ки маҳсулоти пешниҳодшударо тавсиф мекунанд, яъне маълумот дар бораи: номи мол; номи тамға ва кишвари истеҳсолкунанда; хосиятҳои асосии истеъмолӣ, сифат ва бехатарии молҳо; қоидаҳо ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатарии мол; нарх, тартиб ва мӯҳлати пардохти мол ва дигар маълумот.

5. Нарх

Ҳама нархҳое, ки шумо дар мағозаҳои интернетии мо мебинед, бо сомонӣ нишон дода шудаанд.

6. Интихоб ва фармоиши мол

Ба харидор имконият дода мешавад, ки мустақилона бо молҳое, ки дар мағозаи интернетӣ намоиш дода мешаванд, бо ҳамроҳии маълумот дар бораи онҳо шинос шавад, молҳои заруриро бо расонидан ба ҷои нишондодаи ӯ интихоб ва харидорӣ намояд.

Намудҳои молҳои мағозаро аз назар гузаронда, Шумо метавонед сабади харидро бо пахш кардани тугма - "Харидан" таъсис диҳед. Шумо ҳамеша метавонед маҳсулоти интихобкардаи худро ва арзиши умумии фармоишро дида бароед, инчунин мундариҷаи сабадро тағйир диҳед.

Пас аз он ки Шумо ҳама чизи лозимаро интихоб кардед, Шумо метавонед пардохт кунед. Барои ин, Шумо бояд варақаи махсусро пур кунед.

Мо итминон дорем, ки Шумо моли дар мағозаи интернет интихобшуда мувофиқро қабул мекунед ва маълумоте, ки дар бораи он ба маълумоти ба харидор пешниҳодшаванда ҳангоми шиносоӣ бо мол дар Сомона мувофиқат мекунад, инчунин маълумоте, ки ҳангоми интиқоли мол ба ӯ расонида шудааст (дар шиносномаи техникии мол, қоидаҳои истифодаи он, дар этикетка ё лавҳаи ба маҳсулот часпонидашуда, дар худи маҳсулот ё бастабанди он ё бо тарзҳои дигари барои баъзе намудҳои мол пешбинишуда).

7. Дастрасии мол ва пардохти он

Молҳои мағозаи интернетии мо барои харид дар шаҳри Душанбе дастрас мебошанд.

Бурдарасонии фаврӣ тавассути боррасон (курьер) дар рӯзи фармоиш ва таҳвили муқаррарӣ дар рӯзи дигар пас аз қабули фармоиш сурат мегирад, ё дар рӯзи дигари барои шумо муносиб.

Арзиши бурдарасонӣ дар дохили шаҳри Душанбе даҳ сомонӣ.

Пардохт тариқи шаклҳои зерин анҷом дода мешавад:

  • Нақдӣ;

Ҳангоми расонидани мол ба харидор ва қабул кардани он бо сомонӣ сурат мегирад.

  • Пардохти ғайринақдӣ

Ҳангоми фармоиш, дар тавзеҳот нишон диҳед, ки пардохти ғайринақдӣ зарур аст, Кормандони мо ҳисобнома омода намуда, тавассути почтаи электронӣ ба Шумо мефиристанд. Пас аз он, ки пул ба суратҳисоби бонкии мо ворид мешавад, фармоиши Шумо фиристода мешавад.

  • Кортҳои бонкӣ (пардохти электронӣ).

Бо истифода аз низомҳои пардохтҳои электронии мо, Шумо метавонед фармоишро бо кортҳои бонкии «Корти миллӣ», VISA, MasterCard пардохт кунед. Ҳамчунин Шумо метавонед бо истифода аз QR-Code пардохтро анҷом диҳед.

Агар шумо бо шартҳои пардохт ва бурдарасонидани мол розӣ бошед, ҳисобнома-фактура барои пардохт ё шакли намунаи квитансия бо тафсилоти пардохт ва зикри ҳаҷми дақиқи молҳо ва хизматрасониҳои расонидан тавассути почтаи электронӣ фиристода мешавад.

Вақти бурдарасонидан аз минтақаи мушаххаси қабулкунанда вобаста аст.

Шумо метавонед вазъи бурдарасонидани фармоишро тавассути кормандони мо санҷед.

8.Бозпас кардани маблағ ҳангоми пешпардохт.

Агар бо ягон сабаб Фармоиши пешпардохтшудаи Шумо (пурра, ё қисман) бекор карда шуда бошад, маблағ дар давоми 10 рӯзи корӣ ба Шумо баргардонида мешавад. Баргардонидан ба ҳамон шахсе амалӣ карда мешавад, ки пардохтро анҷом додааст. Ҳангоми пардохт бо корти бонкӣ пул ба ҳамон корти бонкӣ, ҳангоми пардохт бо роҳи дигар - тавассути бонкӣ ё интиқоли почта бармегардад. Барои баргардонидан, Шумо бояд ба корманди мо маълумоти зерини кортро пешниҳод кунед:

  • Рақами супоришдода;
  • Насаб, ном, номи падари пардохткунанда;
  • Рақами суратҳисоби ҷорӣ;
  • Рақами суратҳисоби шахсӣ;
  • Номи бонк;
  • Рақами суратҳисоби муросилотӣ;
  • РМА;
  • БИК;
  • Нуқтаи назоратӣ.

Диққат: Баргардонидани маблағ танҳо ба шахсе амалӣ мешавад, ки барои фармоиш пардохт кардааст.

Агар шумо ягон савол дошта бошед, лутфан бо амалгарони мо бо телефонҳои рақами кӯтоҳи 190 ё 44 6202121, тамос гиред

9. Мустақилона гирифтани мол (самовывоз)

Фармоишҳои ҷойгиршударо, баъд аз пардохти пурраи онҳо, мустақилона аз дафтари интернет-мағозаи мо (суроғаи Душанбе, Аҳрорӣ 140/2, ҶДММ "Гелос") гирифтан мумкин аст.

10. Кафолатҳо ва хидмат

Интернет-мағозаи "Гелос" барои интихоби Шумо изҳори миннатдорӣ намуда, бо риояи қоидаҳои кор, фаъолияти бенуқсони моли харидшударо кафолат медиҳад.

Ҳама моли дар мағозаи интернетӣ пешниҳодшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва аз ҷониби ҶДММ "Гелос" кафолат дода мешавад.

Мӯҳлати кафолати мол дар варақаи кафолатӣ ба мол замима карда шуда, муайян карда мешавад ва аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол ҳисоб карда мешавад.

Мувофиқи Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" харидор ҳуқуқ дорад, ки дар муддати 14 рӯз аз рӯзи фурӯш маҳсулоти дорои сифати номувофиқро ба фурӯшанда баргардонад. Ҳангоми баргардонидани моли номувофиқ, Фурӯшанда бояд маблағеро, ки харидор барои мол пардохт кардааст, ба харидор баргардонад.

Шумо инчунин метавонед аз мутахассисони мо тариқи телефонҳои зерин маслиҳат гиред:    44 6202121, ё рақами кӯтоҳи 190

11. Маълумоти дигар

Бо истифода аз ин вебсайт, Шумо инро эътироф мекунед, ки зимни тартиб додани Қоидаи мазкур Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон мадди назар гирифта шудаанд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Барои маълумоти кофӣ ва мухтасар пайдо намудани Харидорон мо дар Қоидаи мазкур мафҳумҳои асосии зеринро ворид сохтем:

- мол – объекти ҳуқуқҳои гражданӣ (кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он пешбинӣ шудааст;

- молҳои боҳамивазшаванда – гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъйинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифоти сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон тавре қиёспазиранд, ки харидор воқеан метавонад як молро дар ҷараёни истеъмол (аз ҷумла ҳангоми истеҳсол) ба моли дигар иваз кунад;

- мавқеи ҳукмфармоӣ дар сомона – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори интенрнетӣ, ки ивазкунанда ва ё молҳои боҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надоранд, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонанд;

- мониторинги бозорҳои мол ва молиявӣ – гузаронидани таҳлили иқтисодӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ), ошкор кардан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи суиистифода намудани мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисорӣ ба амал меоянд, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи соҳаи инҳисории табиӣ;

- нархи моли интернетӣ – арзиши асоснокгардидаи  моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидор, ки дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори моли дахлдор мебошад;

- субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;

- созишнома– созиши миёни субъектҳои хоҷагидор, ки дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ, ё электронӣ дар як ё якчанд ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст;

-  бозори мол тариқи сомона– соҳаи муомилоти мол, ё молҳои харидшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол тариқи интернет муайян карда мешавад;

- бозорҳои танзимшаванда – бозорҳои моле, ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;

- гурӯҳи ашхос – маҷмӯи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба як ё якчанд аломат ва шартҳои дахлдори пешбининамудаи Қоидаи мазкур мувофиқат мекунад;

– истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;

– истеҳсолкунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурӯш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;

– иҷрокунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;

– фурӯшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба истеъмолкунанда мефурӯшанд;

– чеки молталони хазинадорӣ бо суроғаи фурӯшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши он мансуб мебошад;

– чеки хазинадорӣ – талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблағи гирифташуда, санаи фурӯш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурӯш истеҳсол мекунад;

– стандарт – стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;

– сифати мол (кор, хизматрасонӣ) - маҷмӯи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ғайра) - ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;

– мӯҳлати кафолат – мӯҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгӯ бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;

– мӯҳлати коршоямӣ – даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рӯи таъиноташ корношоям дониста мешавад;

– мӯҳлати хизмат – даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ӯҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рӯи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;

– мӯҳлати нигоҳдорӣ – даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;

– нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ё худ моли дорои сифати номатлуб номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);

– нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) – нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) – ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблағи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;

– бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад;

- оферта (пешниҳод) -пешниҳоди ба як шахс, ё якчанд шахси муайян фиристодае мебошад, ки мақсади шахси пешниҳодкардаро аниқ ифода намуда шартномаро бо унвоне, ки пешниҳодро қабул кунад, имзо карда шуда ҳисоб мекунад. Оферта бояд шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад;

- офертаи оммавӣ - пешниҳоде, ки ба гурӯҳи ашхоси номуайян манзур шудаанд, ҳамчун даъвати бастани оферта эътироф мешавад;

- лаҳзаи бастани шартнома - Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби шахси фиристодаи оферта гирифтани аксепти он баста шуда ба ҳисоб меравад;

- утоқи шахсӣ (личный кабинет) як бахши шахсии сомона аст, ки муштарӣ пас аз бақайдгирӣ ва / ё иҷозат дар сомона ба он дастрасӣ пайдо мекунад. Утоқи шахсӣ барои нигоҳ доштани маълумоти шахсии Харидор, ҷойгир кардани фармоиш, дидани маълумоти оморӣ дар бораи фармоишҳои анҷомёфта, марҳилаи иҷрои онҳо, ҳолати ҷории ҳисоби шахсӣ ва гирифтани огоҳиномаҳо пешбинӣ шудааст.

Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондода мавқеи ҳукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад.

Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолатҳое низ ҳукмфармо эътироф мегардад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз рӯи ҳиссаи бетағйири субъекти хоҷагидор дар бозор нисбат ба андозаи нисбии ҳиссаи дар бозор ба рақибон тааллуқдошта ва (ё) имконияти ба ин бозор ворид гардидани рақибони нав ё дигар меъёрҳои тавсифкунандаи бозори мол, муқаррар гардида бошанд.

Маъмурияти Сомона ҳуқуқ дорад, ки бозорҳои молро муқоиса намуда, баҳри ба даст овардани фоида сиёсати мустақилонаи нархро тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Тартиб дода шудааст  "02" ноябри 2020с.